Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад

Ноябрь 7, 2024 09:34

ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Театри тоҷик дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  ҳамоиш доир мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»,  7 ноябр Рӯзи театри тоҷик муқаррар шудааст. Бори аввал дар ҳамин рӯзи соли 1929 театри тоҷик ба фаъолият оғоз намуд. Ин театри драмавӣ соли 1933 ба номи адиб Абулқосим  Лоҳутӣ, ки дар ташкил ва таъсиси театри тоҷик саҳми бузург дорад, гузошта шуд.

Таҷлили Рӯзи театри тоҷик дар айëми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анъанаи нек табдил ëфт. Дар ин рӯз ҳунарпешаҳо, режиссёрҳо, драманависҳо, рассомон, бастакорон ва тамоми аҳли театри мамлакат ҷамъ омада, оид ба дастоварду комëбиҳои эҷодӣ, бурду бохти соҳа ва нақшаҳои оянда ибрози ақида менамоянд.

Имрӯзҳо театри тоҷик дар ҳоли пешрафт қарор дошта, бо намоишҳои рангоранги худ қалби ҳазорон бинандаро тасхир менамояд. Ҳунармандони тоҷик ҳоло бо барномаҳои ҷолиб на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ ҳаводорони зиëд пайдо намудаанд.

Дар назар аст, ки имрӯз дар ҳамоиш порчаҳои ҷолибу рангоранг аз намоишҳои театрӣ манзури тамошобинон гардонида шаванд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 7, 2024 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд