ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд

Ноябрь 17, 2024 08:30

ДУШАНБЕ, 17.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло зиёда аз 41 ҳазор ҷавонони боистеъдоди тоҷик дар беш аз 40 давлати дунё ба омӯзиши илму дониш машғул ҳастанд. Дар байни шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани мониторинги таҳсил аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳамон давлатҳо рейтинги аввалро ишғол менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 17 ноябр дар бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии донишҷӯён (International Students’ Day) гузаронида мешавад.  Дар робита ба ин рӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» Рамазон Одиназода ҳамсуҳбат гардид, ки онро манзури хонандагон мегардонем.

АМИТ «Ховар»: Барои ҳавасманднамоии ҷавонони тоҷик Барномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шудааст. Мегуфтед, ки аз соли таъсис то имрӯз чанд нафар ҷавонон ба хориҷи мамлакат барои таҳсил рафтанд?

Рамазон Одинаев: Ҳукумати Тоҷикистон давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ барои таъмин намудани шароити мусоиди таълиму тарбия ва зиндагии шоистаи наврасону ҷавонон – насли ояндасози миллат ва Ватани азизамон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида, ин равандро идома медиҳад. Ҳамин аст, ки ҷавонони тоҷик на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он ҳам таҳсили илм менамоянд.

Аз ҷумла, соли 2009 Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дурахшандагон» таъсис дода шуд, ки ба тариқи он беш аз 1000 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат таҳсил намудаанд.

АМИТ «Ховар»: Донишҷӯёни тоҷик дар айни замон дар кадом давлатҳои мутараққӣ ва дорои низоми маорифи пешрафта таҳсил доранд?

Рамазон Одинаев: Дар айни замон тавассути Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дурахшандагон» зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар давлатҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмон, Италия, Швейтсария, Фаронса, Британияи Кабир, инчунин дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Сингапур, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус ва дигар мамлакатҳое, ки нозоми маорифашон ба даҳгонаи беҳтарин дохил мешавад, таҳсил мекунанд.

АМИТ «Ховар»: Ба ҷавононе, ки тариқи ин барнома дар хориҷи мамлакат таҳсил менамоянд, чӣ гуна имтиёзҳо дода мешаванд?

Рамазон Одинаев: Бояд гуфт, ки ба ғолибони Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дурахшандагон» суғуртаи тиббӣ, роҳкиро, маблағи хобгоҳ, маблағи таҳсил ва ҳамзамон ҳар моҳ 500 доллари амрикоӣ стипендия пардохт карда мешавад.

Сол то сол талаботи довталабон барои таҳсил дар хориҷи мамлакат афзоиш меёбад, ки ин дар оянда барои рушди иқтисодиёти миллӣ нишондиҳандаи хуб аст. Зеро тибқи нишондиҳандаҳои Бонки ҷаҳонӣ захираи инсонӣ аз рӯи маълумотнокии аҳолӣ ба инобат гирифта мешавад, ки ин ба дурнамои рушди иқтисодӣ низ таъсири мусбат мерасонад.

АМИТ «Ховар»: Дар Тоҷикистон ба фанҳои дақиқ (физика, химия, биология ва математика) диққати махсус дода мешавад. Барои  омода намудани мутахассисони ин фанҳо дар хориҷи мамлакат кадом тадбирҳо андешида мешаванд?

Рамазон Одинаев: Аз соли 2022 инҷониб дар маҷмуъ нақшаи қабули Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон— Дурахшандагон» ва грантҳои таҳсилие, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор барои таҳсил дар хориҷи мамлакат дархост карда мешаванд, ҳамаи онҳо ба самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ равона шудаанд. Ҳамзамон донишҷӯёни мо дар он муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки дар ин самт дар хориҷи мамлакат кадрҳо омода мекунанд, таҳсил мекунанд.

Тавре иттилоъ дорем, имсол аз ҷониби Федератсияи Русия 1000 квота барои таҳсил ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин давлат ҷудо карда шуд, ки аз ин теъдод зиёда аз 500 квотаи он ба соҳаи омӯзгорӣ ва илмҳои дақиқ равона шудааст.  Аз ҷумла, тибқи нақша, ин квотаҳо барои  фанҳои физика, химия, биология, математика ҷудо карда мешаванд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Маркази илмию фарҳангии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар ин самт кор бурда, ин тасмимро барои аз байн бурдани норасоии кадрӣ дар мактабҳое, ки таҳсилаашон ба забони русӣ ва мактабҳое, ки гурӯҳҳои таълимии бо забони русӣ доранд, гирифтаанд.

Ҳамзамон тавассути барномаҳои гуногуни ҳамкорӣ ва созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ Ҷумҳурии Мардумии Чин 1000 квотаи таҳсил барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудааст, ки ин квотаҳо тавассути ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин, Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Маркази барномаҳои байналмилалӣ ҳамасола 100 шаҳрванди тоҷикро ба ин давлат барои таҳсил равон мекунад.

АМИТ «Ховар»: Барои ғолибони озмуни Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне он нафароне, ки ба тариқи ин стипендия дар хориҷи мамлакат таҳсил мекунанд, чӣ талабот пешбинӣ шудааст?

Рамазон Одинаев: Тибқи созишнома ва шартномаҳои сеҷонибае, ки ғолибони озмуни Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор ба тасвиб расонидаанд, уҳдадор мебошанд, ки баъди хатми муассисаҳо 5 сол дар мамлакат дар соҳаи омӯхтаашон фаъолият намоянд.

Инчунин тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ғолибони озмуни Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду шартнома ба имзо расонида мешавад- яке шартномаи ташкили раванди таҳсил ва дигар шартномаи замонат.

Дар доираи ин шартномаҳо довталаб на танҳо баъд аз таҳсил, балки дар ҷараёни таҳсил низ аз ҷониби Марказ дар ҳамоҳангӣ бо муассисаҳои олии касбии давлатҳои хориҷӣ назорат карда мешавад ва уҳдадор аст, ки дар ҷараёни таҳсил бо баҳои хубу аъло хонад, мушкилот ба вуҷуд наорад, ҳатто тарки таҳсил накунад, зеро агар  донишҷӯён бо баҳои хубу аъло таҳсил накунанд ё ин ки таҳсили худро идома дода натавониста, аз  курси 1 ё 2 хориҷ шаванд, он маблағе, ки то ин давра хароҷот шудааст, дар асоси шартномаи замонат аз волидайни онҳо ба фоидаи давлат баргардонида мешавад. Ин ҳам таҷрибаи байналмилалӣ аст.

Аз соли 2022 инҷониб донишҷӯёне, ки тибқи шартномаи ин марказ дар хориҷи мамлакат таҳсил мекунанд, ягон мушкилӣ ба миён наоварда, баръакс, дар рейтинги рақами якум қарор доранд.

Мояи ифтихор аст, ки дар байни шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани мониторинги таҳсил аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳамон давлатҳо рейтинги аввалро ишғол менамоянд.

Бо боварӣ гуфта метавонем, ки ин мутахассисон баъди таҳсил ба Ватан баргашта, дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми назаррас  мегузоранд.

АМИТ «Ховар»: Бояд таъкид намуд, ки имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таълими забонҳои хориҷӣ диққати масхсус медиҳад. Сатҳи забондонии он нафароне, ки ба тариқи марказ ба донишгоҳҳои хориҷи мамлакат мераванд, чӣ гуна аст?

Рамазон Одинаев: Дар айни замон Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030, ки иҷрои он аз моҳи январи соли 2021 шуруъ гардидааст, идома дорад.

Ҳамин аст, ки имрӯз ҷавонони тоҷик забондон гардида, дар мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳсили илм менамоянд. Онҳо   соҳиби таҷрибаи баланд шуда, дар Ватани худ фаъолият мекунанд.

Аз ҷумла, 24 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаи ординатураи муассисаҳои олии Федератсияи Русия ва Беларусро хатм карда, дар муассисаҳои тандурустии мамлакат фаъолият доранд. Ҳамзамон 2 нафар дар Италия зинаи магистратураро хатм карда, донишу таҷрибаи байналмилалиеро, ки дар самти ҳуқуқшиносӣ аз худ кардаанд, барои ҳимояи манфиатҳои ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ истифода мебаранд.

Набояд фаромӯш кард, ки довталабоне, ки тавассути марказ ба хориҷи мамлакат барои таҳсил мераванд, беҳтарин донандагони забонҳо мебошанд. Зеро ҳар давлате, ки барои шаҳрвандони тоҷик квотаҳои донишгоҳҳояшро ҷудо мекунад, беҳтарин донандагони забонро интихоб менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 17, 2024 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
САФАРАТОН БОБАРОР ВА БЕХАТАР БОД! Тавсияҳои IRS ба ронандагон вобаста ба фаро расидани мавсими сармо
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
АМИТ «Ховар» барои риояи бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» беҳтарин дониста шуд
Дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор» шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд