ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОБИНОЁН. Дар Тоҷикистон беш аз 15 ҳазор одамони нобино ва қувваи босираашон суст зиндагӣ доранд

Ноябрь 13, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 13.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр Рӯзи байналмилалии нобиноён дониста мешавад. Ин санаро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ соли 1984 бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа нисбат ба ашхоси нобиною қувваи босираашон суст ва ба хотири асосгузори аввалин мактаби маъюбону нобиноён дар ҷаҳон Валентин Гаюи эълон намудааст.

Ҳадафи асосии Рӯзи байналмилалии нобиноён ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа нисбат ба онҳое мебошад, ки биниши худро абадан аз даст дода, дар чунин вазъият қарор доранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 15 ҳазор одамони нобино ва қувваи босираашон суст зиндагӣ менамоянд. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва маърифатнокии шахсони нобино ва қувваи босираашон суст соли 2010 «Қонуни ҳифзи иҷтимоии маъюбон», соли 2016 «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020», соли 2018 «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид доир ба ҳуқуқи маъюбон» ва соли 2018 «Шартномаи байналмилалии Марокаш» оид ба баланд бардоштани вазъи иттилоотӣ ва маълумотнокии нобиноён ба тасвиб расид. Ҳамчунин барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии кӯдакони нобино ва қувваи босираашон суст шароит муҳайё гардидааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» директори Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон» (ИМНТ) Жентомер Нормуродов иттилоъ дод, ташкилот соли 1935 ташкил шудааст. Дар айни замон 11 филиал ва 7 намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фаъолият ва 8 ҳазору 270 маъюби нобиною қувваи босираашон сустро муттаҳид месозанд.

Ҳадафи асосии Иттиҳодияи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои маъюбони чашм иштирок дар муайянсозӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ нисбат ба нобиноён, мусоидат ва татбиқи ваколатҳои давлатӣ дар офияти тиббӣ, касбӣ, иҷтимоӣ ва муттаҳидкунӣ, ҷалби онҳо ба меҳнат, маълумот, фарҳангу варзиш ва беҳтар намудани шароити моддӣ-маишии онҳо мебошад.

Ҳоло дар назди Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон 11 корхонаи таълимӣ-истеҳсолӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Исфара, Кӯлоб, Бохтар, Ваҳдат, Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Ҷ.Расулов фаъолият доранд, ки дар он нафарони нобино ва қувваи босираашон суст бо кор таъмин мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ 14 мактаб-интернат барои кӯдакони нобино ва сустбин мавҷуд аст. Кӯдаконе, ки нуқсони биноӣ доранд, дар рушди ақлӣ ва нутқ, тарбияи ҳаракат ва эҳсоси ангуштон ба дарсҳои махсус ниёз доранд. Инчунин ин нафарон нисбат ба мусиқӣ хеле ҳассосанд, ки ин хусусиятро зимни таълиму тарбия истифода бурдан зарур аст. Дар мактаб-интернатҳо барои кӯдакони нобино бо ёрии системаи махсуси ҳуруфи нуқтадори алифбои Луи Брайл хондану навиштанро меомӯзанд. Яъне ҳар як ҳарфи алифбо бо омезиши гуногуни шаш нуқта ифода карда мешавад.

Жентомер Нормуродов иброз намуд, ки ба корхонаҳои Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон» нафарони маъюбу нобино ва қувваи босираашон суст барои фаъолият бештар муроҷиат мекунанд. Пеш аз бокортаъминкунӣ барои онҳо даври омӯзишӣ гузаронида мешавад. Инчунин солҳои пеш аз ҷониби ин ташкилот нобиноён бо манзил таъмин мегардиданд. Ҳамчунин аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва ашхоси саховатманд ба онҳо пайваста кумакҳо расонида мешуданд. Аммо сабаб чӣ бошад, ки сол то сол дастгирии ин табақаи ниёзманди ҷумҳурӣ коҳиш меёбад.

«Инчунин бо қабул гардидани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав аз моҳи январи соли 2022 аз корхонаҳои мо андоз ситонида мешавад, ки ин яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар пешрафти кори мо мебошад»,-иброз дошт бо нигаронӣ директори ин ташкилоти ҷамъиятӣ.

Жентомер Нормуродов мегӯяд, ки «баъди шуруи андозситонӣ фаъолияти ташкилот душвор гардид. Бинобар он ки дастгоҳҳои техникии корхонаҳои мо фарсуда гардидаанд, дархости мизоҷон низ коҳиш ёфтааст. Солҳои пеш мо барои кормандони худ ва дигар ашхоси ниёзманд китобҳои брайлӣ чоп менамудем. Вале имрӯз ин китобҳоро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мекунад. Аз ин рӯ мо бе даромад монда, барои хариди дастгоҳҳои нави нашриёт ва варақ барои нашр имконият надорем».

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон иброз медоранд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ва ғамхории пайвастаи шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам намудани шароити зарурӣ барои ин гурӯҳҳои аҳолӣ мавқеи меҳварӣ дорад.

Зеро хайрхоҳиву хайрандешӣ, эҳсонкориву саховатмандӣ аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ мебошанд, ки шахсро дар байни ҷомеа муътабар мегардонанд. Мояи сарфарозӣ аст, ки имрӯзҳо дар пайравӣ ба сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат шахсони саховатманд бо дастгирии ятимону барҷомондагон ва пиронсолон, инчунин бунёду навсозии иншооти гуногун дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва беш аз пеш обод шудани Ватани азизамон саҳми шоиста мегузоранд.

Агар имрӯз шахсони саховатпеша тибқи сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон амал намуда, ба ин гурӯҳи ниёзманд- нобиноён ва нафарони биноияшон суст дасти кумак дароз менамуданд, зиндагии онҳо беҳбудӣ ёфта, мушкилашон осон мегардид.

Зеро бузурге гуфтааст, ки «Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст. Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст».

Имрӯз ин нафарон ба таваҷҷуҳ ва дастгирии бештар ниёз доранд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 13, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
САФАРАТОН БОБАРОР ВА БЕХАТАР БОД! Тавсияҳои IRS ба ронандагон вобаста ба фаро расидани мавсими сармо
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
АМИТ «Ховар» барои риояи бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» беҳтарин дониста шуд
Дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор» шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии шаҳри Бохтар шинос шуд
Дар Душанбе озмуни «Ҳунарманди сол» баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мешавад
Дар Душанбе Форуми байналмилалии волонтёрӣ оғоз гардид
Дар Суғд барои баргузор намудани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят 70 ҳавза ташкил карда мешавад
«ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БА ПЕШ!». Аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БА ПЕШ!». Бахшида ба 30-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд