Оид ба иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ муҳокимаи парлумонӣ доир шуд

Ноябрь 26, 2024 14:40

ДУШАНБЕ, 26.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ оид ба ҷараёни иҷрои ‹‹Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030››  муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Давлату Ҳукумати мамлакат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба  рушди пайвастаи илму маориф таваҷҷуҳ зоҳир намуда, тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар ин замина бо қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул гардидани «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» идомаи мантиқии раванди ислоҳоти ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ мебошад. Он  бо мақсади такмил ва рушди низоми тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ, таъмини муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо миқдори зарурии мутахассисон, баланд бардоштани қобилияти зеҳниву таҳлилии насли нави илмӣ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ва ба талаботи бозори хизматрасонии илмию таҳсилотӣ мутобиқ намудани онҳо таҳия шудааст.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд.

Танҳо соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 2023  45 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳо агар соли 2003 ҳамагӣ 45 сомониро ташкил медод, пас дар соли 2023 он қариб 54 баробар афзоиш дода шуда, аз моҳи июл дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда шуд.

Таъкид гардид, ки барои татбиқи босамари барнома ва нақшаи амалигардонии он Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дигари дахлдор дар ин давра тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Онҳо  барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳои соҳа, ки зимни суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илму маорифи мамлакат 30 майи соли раовн баён гардида буд, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар интиҳои муҳокимаи парлумонӣ бо назардошти масъалаҳои баррасишуда ва мушкилоти ҷойдошта тавсия дода шуд, ки вобаста ба тақвияти ҳамкории мутақобили муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, баланд бардоштани сатҳи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои алоҳида, дар муҳлати муайяншуда ҳимоя кардани рисолаҳои илмӣ, ҷустуҷӯи механизми ҳавасмандгардонӣ бо мақсади ҷалби ҷавонон ба илм бо истифода аз имконияти мавҷуда тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 26, 2024 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид