Вазири энергетика ва Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Намангут» шинос шуданд

Ноябрь 4, 2024 14:32

ДУШАНБЕ, 04.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҷалби бештари сармоя барои рушди устувори соҳаи энергетика ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тосихиро Аики бо Неругоҳи барқи обии «Намангут», воқеъ дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи сафар ба ин минтақа ҷалби бештари сармоя барои рушди устувори соҳаи энергетика, махсусан таъмини сокинони дурдасти мамлакат бо неруи барқ мебошад.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки Неругоҳи барқи обии «Намангут» соли 1974 ба истифода дода шуда, иқтидори лоиҳавии ду дастгоҳи барқтавлидкунандаи он ба 2500 кВт баробар аст. Дар айни замон иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Намангут» 1,6 МВт мебошад.

Неругоҳи «Намангут» аз нигоҳи иқтидор сеюмин неругоҳи калон дар Бадахшон арзёбӣ мегардад.

АКС:Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 4, 2024 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
«Centrum Air» парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ва Самарқанд-Душанбе-Самарқанд оғоз менамояд
Тоҷикистон ва Қирғизистон теъдоди парвозҳои мунтазам ва хатсайри автобусҳоро афзоиш медиҳанд
Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад