Вобаста ба мавзуи ҳифзи сирри давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма машварати омӯзишӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муҳимтарин масъалаҳои соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва муносибати кормандони воситаҳои ахбори омма нисбат ба онҳо имрӯз дар машварати омӯзишӣ барои рӯзноманигорон, ки дар мавзуи «Масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир шуд, баррасӣ гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, машварати омӯзишӣ бо ҷалби рӯзноманигорон аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Иброз гардид, ки маълумоте, ки ба сирри давлатӣ мансуб мебошад, дар моддаҳои 13-18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» оварда шудааст.
Аз ҷумла, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» омадааст, ки он тартиби ташаккули нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳоро ҳамчун манбаи захиравии мукаммалсозии фонди миллии китобхонавӣ ва иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба таъмини нигоҳдории нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо ва истифодаи ҷамъиятии онҳо, инчунин муҳлат ва тартиби дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо ба танзим медарорад.

Ҳамчунин доир ба ҷаҳонишавӣ ва нақши воситаҳои ахбори омма дар раванди он, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, тадбирҳои қонунӣ ва масъулияти риояи он, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ва масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма маърузаҳо шунида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» аз 26 июли соли 2014 дар мамлакат масъалаҳои муҳими мансуб ба соҳаи сирри давлатиро танзим менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






