35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Роғун ду кӯдакистон ва ду бинои иловагии муасисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд

Декабрь 21, 2024 14:30

РОҒУН, 21.12.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бобати амалӣ намудани «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар маркази  ҷамоати шаҳраки Оби Гарм муассисаи томактабии «Дурахшон» ва дар деҳаи Қалъаи Нави Ҷамоати деҳоти Қади Оби шаҳр муассисаи томактабии «Бобуна» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иттилоъ доданд.

Ин кӯдакистонҳо барои зиёда аз 80 нафар бунёд гардидаанд. Ҳуҷраҳои онҳо бо рахти хобу бозичаҳои гуногун ва ошхонаҳои хубу мизу курсии нав таъмин мебошанд. Барои таълиму тарбия гирифтани кӯдакон дар ин кӯдакистонҳо беҳтарин шароити замонавӣ муҳайё гардидааст.

Ҳамчунин барои бартараф намудани  мушкилии норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ ва муҳайё намудани кабинетҳои фаннию синфхонаҳои компютерии замонавӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва саҳми волидайн биноҳои иловагии  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 бо   160 ҷойи нишаст ва  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 бо 180 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуданд.

Биноҳои иловагии муассисаҳо бо беҳтарин мизу курсӣ барои таҳсили  хонандагон муҷаҳаз гардонида шудаанд. Муассисаҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани зимистон омода гардида,  синфхонаҳо бо гармӣ таъмин мебошанд.

Мудири маорифи шаҳри Роғун Усмоналӣ Азимзода иброз дошт, ки «бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба маблағи 438 ҳазор сомонӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо маблағи 138 ҳазор сомонӣ таъмир шуданд. Инчунин ба ифтихори ин ҷашн  бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 38  ва  биноҳои муассисаҳои томактабӣ дар деҳаҳои Ҷавонию  Қандак ба истифода дода мешаванд».

Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  38 иншоот дар маркази шаҳри Роғун ва кӯчаи 25-солагии Истиқлолият,  14 иншоот дар шаҳраки Оби Гарм, 43 иншоот  дар Ҷамоати деҳоти Қади Об ва 10 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Сичароғ бунёд мегарданд, ки дар умум 105 иншоотро ташкил медиҳанд. Аз ин иншооти сохташаванда    8 адад дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ буда, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохта мешаванд. Ин иншоот бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва ҷараёни корҳо аз ҷониби вазорату кумитаҳои дахлдор назорат ва натиҷагирӣ карда мешавад.

19 иншоот аз ҳисоби буҷаи маҳалу сармояи хориҷӣ ва 78 иншооти боқимонда аз ҷониби соҳибкорон сохта мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

Декабрь 21, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст