ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. Бобоҷон Ғафуров дар асоси садҳо далели холисонаи илмӣ миллати қадимӣ, фарҳангӣ ва тамаддунофар будани тоҷиконро исбот намуд
ДУШАНБЕ, 31.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 31 декабр ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсӣ ва давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси маъруфи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров 116 сол пур шуд. Бобоҷон Ғафуров дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги муосири ҷумҳурӣ ва илми шарқшиносии асри ХХ саҳми бисёр муассир гузоштааст.
Бобоҷон Ғафуров моҳи декабри соли 1908 дар рустои Исфисор, ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омадааст. Ӯ дар муҳите тарбия ёфта буд, ки дар он муҳаббат ба илму дониш ва фарҳангу адаб арзиши баланд дошт. Аз ҷумла, модараш шоираи номдор Розияи Озод, ки бо асарҳои адибони классики тоҷик, хусусан бо осори устод Рӯдакӣ, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизу Бедил ва дигар шоирону донишмандон шиносоии комил дошт, дар ташаккули шахсияти фарзанди худ нақши ҳалкунанда бозид.
Зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифи таърихи халқи тоҷик» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров 5 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҷодаи таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст. Аввалин падидаи дурахшони он эҷоди асари бунёдии «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» мебошад. Ин асар бори аввал соли 1947 дар шаҳри Душанбе ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Арзиши баланди илмии китоб ҳамчун дастоварди илми таърихшиносии тоҷик дар он ифода меёбад, ки се маротиба – солҳои 1949, 1952 ва 1955 ба забони русӣ дар Москва ба нашр расидааст.
Ҳадафи Бобоҷон Ғафуров аз нашри ин китоб ва асарҳои минбаъда ба ҷаҳониён собит намудани ин ҳақиқати илмӣ буд, ки тоҷикон яке аз қадимтарин миллатҳои дунё буда, дар раванди рушди тамаддуни башарӣ нақши басе арзишманди таърихӣ бозидаанд. Баъди чопи ин асар Бобоҷон Ғафуров таҳқиқоти бунёдиро доир ба таърихи миллати тоҷик идома дода, соли 1972 дар Москва асари безаволи худ «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна»-ро, ки воқеан шиносномаи миллати тоҷик мебошад, ба чоп расонид. Ин шоҳасари безавол, ки самараи заҳмати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад».
Дар китоби «Тоҷикон» ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.
Аҳамияти ин асар имрӯз, яъне дар шароити вусъати рӯзафзун пайдо кардани паҳлуҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ барои худшиносию худогоҳии миллии мардум, хусусан наврасону ҷавонон ва тавсеаи тафаккури таърихии онҳо торафт меафзояд.
Академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси садҳо далели холисонаи илмӣ дар шоҳасари худ исбот намуд, ки миллати фарҳангию тамаддунофари тоҷик бо доштани чунин таърихи пурифтихор, мероси ғании илмию адабӣ ва анъанаю арзишҳои асилу пурбор ҳаргиз ба таърихсозӣ, яъне таҳрифи огоҳонаи таърих ва афзалиятхоҳию бузургтарошии бебунёд эҳтиёҷ надорад.
Арзиши баланд ва таҳлилу таҳқиқи фарогири илмии ин асар аз ҷониби маъруфтарин мутахассисони тамаддуни халқҳои Шарқ ба таври сазовор истиқбол ва эътироф гардид.
Бояд гуфт, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди захираи Президенти Тоҷикистон чоп шуда, ба ҳар оила туҳфа гардид.
Китоби «Тоҷикон» ҳоло китоби рӯйимизии ҳар фарди соҳибмаърифат ва бонангу номуси миллати тоҷик мебошад. Ҳоло китоб ба забонҳои англисӣ, ҷопонӣ, полякӣ, чинӣ, арабӣ ва фаронсавӣ тарҷума, нашр ва тавассути расонаҳои интернетӣ ба ихтиёри хонандагон ва дӯстдорони таърихи бостонии халқи тоҷик гузошта шудааст.
Доктори илмҳои таърих, профессор Насрулло Убайдулло иброз дошт, ки «академик Бобоҷон Ғафуров бо асарҳои безавол ва бунёдии худ консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро мураттаб намуда, ҳудудҳои асосии ташаккули халқи тоҷикро чун этнос илман асоснок карда, даврабандии комилан илмии таърихи халқи тоҷикро пешниҳод намуд.
Олими шинохта тавассути асарҳои хеш, махсусан «Тоҷикон» ба мо ва оламиён саҳифаҳои таърихи бою рангини миллати тамаддунофари тоҷикро бо ҳама бурду бохташ таҳқиқ намуда, нишон дод, ки ин халқ дорои таърихи зиёда аз шашҳазорсола буда, сокинони аслии Хуросону Вароруд, офарандагони тамаддуни минтақа ва оину суннатҳои наҷиби то имрӯз побарҷои аҷдодӣ мебошад. Тоҷикон дар масири таърих ҳамеша ҳамчун мардуми давлатсозу давлатдор, эҷодкору бунёдкор, тамаддунсозу сулҳофар ва дар баробари ин муборизи роҳи озодию истиқлолият, ҳомии марзу бум ва суннатҳои аҷдодӣ, забони модарӣ ва фарҳанги ниёгон тасвир ёфтаанд».
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, «ҳаёту фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров ва асари безаволи ӯ «Тоҷикон» дар ҳақиқат солҳои 70-уми асри гузашта ба болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо такони ҷиддӣ бахшид ва ин раванд дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири пояндагии миллат ва таҳкими иқтидори давлатдории навини тоҷикон ба маҷрои тоза ворид гардид».
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг шинос шуданд
Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар шаҳристони Ҳулбук шинос мешаванд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО FAO. Дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидаанд
Имрӯз дар Бохтар Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» оғоз мегардад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзавот дар фасли баҳор ва тобистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад
«Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст






