Ҳайати парлумонӣ дар ҷаласаи ҳамкории парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд

Декабрь 5, 2024 13:52

ДУШАНБЕ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2-4 декабр ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар кори ҷаласаи ҳамкории парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Шоҳигарии Белгия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо Президенти Сенати Подшоҳии Белгия Валери Де Бю ва бо Раиси Маҷлиси намояндагони Подшоҳии Белгия Петер Де Рувер мулоқот намуд.

Зимни ин вохӯриҳо дурнамои рушди робитаҳои байнипарлумонӣ ва маҷмуи масъалаҳои дуҷониба, рушди фаъолияти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Белгия баррасӣ шуда, тавсеаи ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ матраҳ гардид.

Дар Шоҳигарии Белгия ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигари Белгия бо намояндагони диаспораҳои «Сомониён» дар Ҳолланд ва «Диёр» дар Белгия мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот доираи васеи масъалаҳо баррасӣ шуд, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба дастовардҳо ва фаъолияти диаспораҳои тоҷикон равона гардид. Вохӯрӣ шароити мусоидеро барои мубодилаи озоди андешаҳо ва пешниҳодҳо фароҳам овард. Ҳама масъалаҳо ва дархостҳои матраҳшуда пешрафти муваффақонаи ҳамкории минбаъдаро тақвият мебахшанд.


АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 5, 2024 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доир мегардад
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд