Ҳамкории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Чин таҳким меёбад
ДУШАНБЕ, 12.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр намояндагони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади иштирок ва суханронӣ дар чорабинии байналмилалии «Ҳамкории иқтисодии байналмилалии Ляонинг-2024», ки дар шаҳри Шеняни вилояти Ляонинг доир мегардад, ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 11 декабр ба муассисаи таҳсилоти олии касбии вилояти Ляонинг рафта, оид ба ҳамкории судманд дар самти ҷорӣ намудани таҳсилоти дуалӣ байни донишгоҳҳои ҳамкор суҳбат намуданд.
Чорабинии байналмилалии «Ҳамкории иқтисодии байналмилалии Ляонинг-2024» 12-13 декабр баргузор мегардад, ки дар он ҳайати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сухан мегӯяд.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доир ба тақвият бахшидан ва густариш додани ҳамкории байналмилалӣ дастгирӣ намуда, дар рушди он саҳми назаррас мегузоранд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон









Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






