Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар соҳаи энергетика ва захираҳои об тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 18.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар соҳаи энергетика ва захираҳои об 17 декабр дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндаи навтаъйини доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар медиҳад.
Вазири энергетика ва захираҳои об намояндаи навтаъйинро бо вазъи кунунӣ, афзалияти соҳаи энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ шинос намуда, аҳамияти ҳамкории Бонки Осиёии рушдро дар рушди ин бахшҳо таъкид намуд.
Ко Сакамото барои идомаи дастгирии лоиҳаҳои рушди энергетика ва идоракунии самараноки захираҳои об изҳори омодагӣ намуд.
Ҷонибҳо бобати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ табодули афкор намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






