Ба кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Кӯлоб кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд
КӮЛОБ, 26.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумак ва туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз маводи хӯрокворӣ ва либосҳои зимистона ба 186 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуд.
Бояд гуфт, ки ятимону бепарасторон ва нафарони ниёзманд ҳамеша таҳти назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ҳамин аст, ки имрӯз дар мамлакат ягон ятиму бепарастор худро танҳо эҳсос намекунад.
Ҷонишини директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб Бароталӣ Одинаев иттилоъ дод, ки «ҳоло 20 омӯзгор ва 20 мураббия ба кӯдакон таълим медиҳанд. Омӯзгорон кӯшиш менамоянд, ки кӯдаконро дар руҳияи ватандӯстӣ ва донишомӯзӣ тарбия намоянд, то онҳо дар озмуну олимпиадаҳо ҷойҳои намоёнро ишғол кунанд. Муассиса бо рахти хоб ва гармӣ таъмин буда, дар мавсими зимистон танқисӣ намекашад».
Баъди тақдим намудани туҳфаҳо гурӯҳи корӣ ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рафта, кумак ва туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иборат аз либосҳои зимистона ва хӯрокворӣ ба тарбиятгирандагони он супориданд. Дар ин муассиса 138 кӯдак ба таълим фаро гирифта шуда, аз ин шумора 119 нафарро писарон ва 19 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз ин иқдоми хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушнуд шуда, иброз доштанд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда дар рушду пешрафти мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






