Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд

Декабрь 27, 2024 11:20

РӮДАКӢ, 27.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво  ва Муассисаи давлатии таълимии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва дерношунавошуда»ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода, роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ  маросими супоридани кумак ва туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони ин мактаб-интернатҳо доир гардид. Дар ин хусус мухбири  АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳия   туҳфаҳои Сарвари  давлатро  тақдим намуд.

Иброз гардид, ки имрӯз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа зиёд буда, пайваста дар тамоми иду ҷашнҳо онҳо мавриди дидорбинӣ қарор мегиранд.

Хонандагони ин мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ  баргузории чунин чорабиниро аз сиёсати маорифпарварона, ғамхорона ва падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, ваъда доданд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо  хубу аъло таҳсил намуда, оянда  ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Декабрь 27, 2024 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд