Дар деҳаи Мусофирони ноҳияи Рашт бинои иловагии муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд

Декабрь 26, 2024 14:05

РАШТ, 26.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Мусофирони Ҷамоати деҳоти Ясмани ноҳияи Рашт бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №98 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус  ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Бино аз 4 синфхона ва як ҳуҷраи  корӣ иборат буда, бо дастгирии ташкилоти «Хайриявии Тоҷикистон» бунёд гардидааст. Синфхонаҳои бино бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Бо сохтани ин бинои иловагӣ мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар муассиса бартараф гардид.

Дар ҷамъомад бахшида ба ифтитоҳи бино ба 50 хонанда ва омӯзгори муассиса  либосҳои зимистона туҳфа карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Рашт бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 37 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. То ин давра 28 бинои  дуошёнаи  асосӣ ва иловагии муассисаҳои таълимӣ барои 3000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд. Ба ин восита мушкилии норасоии ҷойи нишасти хонандагон дар ноҳия бартараф мегардад.

Бино бо риояи қоидаҳои меъморӣ сохта шудааст. Дар он  кабинетҳои фаннӣ мавҷуд буда,  синфхонаҳо бо мизу курсии нав ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидаанд.

  АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Декабрь 26, 2024 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст