Дар ноҳияи Панҷ бинои синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 16.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Вахшони Ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфуддинови ноҳияи Панҷ бинои синфхонаҳои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Масоҳати умумии бино аз 0,65 гектар иборат буда, 0,200 метри мураббаи онро сохтмон ташкил медиҳад.
Бино аз ду ошёна ва 4 синфхонаи фаннӣ иборат буда, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Ҳамчунин барои кормандон тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин дар деҳаи Навободи ноҳияи Панҷ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №45 мавриди истифода қарор дода шуд. Муассисаи таълимӣ аз 2 ошёна ва 7 синфхонаи таълимӣ барои 144 хонанда иборат мебошад.
Бино бо озмоишгоҳҳои фанҳои физика ва химия, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ–коммуникатсионӣ, китобхона ва маркази гармидиҳии ягонаи буғӣ таъмин мебошад.
Инчунин дар деҳаи Регистони Ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 ба истифода дода шуд.
Сохтмони ин иншоот моҳи марти соли 2023 оғоз шуда, бо сарфи 2 миллиону 689 ҳазор сомонӣ бино барои 300 хонанда дар ду баст бунёд гардид.
Масоҳати умумии бино аз 1,95 гектар иборат буда, 338 метри мураббаъро сохтмон ташкил медиҳад. Бино аз ду ошёна ва 6 синфхонаи фаннӣ иборат мебошад.
Гармидиҳии муассиса ба тариқи буғӣ бо истифодаи ангишт дар дегхона ба роҳ монда шуда, дар фасли сармо даҳлез ва дохили бино бо гармӣ таъмин карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ин иншоот дар доираи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, ба истифода дода шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид






