Дар Палатаи ҳисоб оид ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм машварат доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи давлатии «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар мавзуи «Сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм» машварати методӣ баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи ҳисоб хабар медиҳад, профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Сафарзода оид ба санадҳои қонунгузорӣ дар самти экстремизм ва терроризм, фаъолият ва номгӯйи созмонҳои даҳшатафкан, ки мақсадашон ба вуҷуд овардани нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад, маъруза намуд.
Иброз гардид, ки имрӯз сокинони мамлакатро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон баранд, фаъолию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳифзи амнияти миллӣ саъю талош намоянд.
Дар машварат гуфта шуд, ки барои пешгирию бартараф намудани сабабу шароит ва омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда дар Палатаи ҳисоб мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода мешаванд.
Бо иқтибос аз суханҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки вазъи сиёсию иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳонӣ, нооромию низоъҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам моро водор месозанд, ки барои пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешрафти устувори иқтисодиёт ва расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасу мақсаднок андешем.
АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд






