Дар шаҳри Исломобод Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар шаҳри Исломобод бо иштироки васеи намояндагони бахши хусусии ҳарду давлат Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 12 то 19 декабри соли равон Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидату дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон сафари ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ташкил намуд.
Дар доираи форум ҳайати соҳибкорони мамлакат ба якчанд шаҳри Покистон, аз қабили Лоҳур, Сиалкот, Гуҷранвала ва Қарочӣ сафар намуд. Соҳибкорони тоҷик корхонаҳои бузурги истеҳсолии ин шаҳрҳоро тамошо намуда, бо таҷриба ва раванди истеҳсоли корхонаҳои покистонӣ аз наздик шинос гардиданд. Ҳамзамон бо доираҳои соҳибкории ин шаҳрҳо дар шакли В2В (соҳибкор бо соҳибкор) мулоқот анҷом дода шуд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






