Даври чоруми ИМД-2024 аз рӯйи шакли ғоибона ва фосилавии таҳсил баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр даври чоруми ИМД — 2024 аз рӯйи шакли ғоибона ва фосилавии таҳсил баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бо мақсади роҳнамоии довталабоне, ки дар даври чоруми бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2024 аз рӯйи шакли ғоибона ва фосилавии таҳсил аз қайд гузаштаанд, рӯйхати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки дар заминаи онҳо барои баргузории ин имтиҳонҳо марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд, дар сомонаи Маркази миллии тестӣ ҷойгир карда шудааст. Ин рӯйхат нишонии ҳар муассисаи таълимии дар заминаи он маркази имтиҳонӣ ташкилшаванда ва нуқтаи роҳнамо (ориентир)-ро фаро мегирад.
Тибқи ин рӯйхат, ки дар асоси таҳлили шумораи умумии довталабони дар даври чоруми номнависӣ азқайдгузашта вобаста ба шаҳру ноҳияҳо барои таъмини дастрасии осони довталабон таҳия гардидааст, барои имтиҳонсупории довталабон дар 10 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 11 маркази имтиҳонӣ ташкил карда мешавад.
Хотиррасон карда мешавад, ки нусхаи электронии даъватномаи довталаб дар кабинети инфиродияш ҷойгир карда, инчунин дар бораи макон ва замони имтиҳонсупорӣ ба довталаб паёмаки телефонӣ (SMS) фиристода шуд. Маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар довталаб дар даъватномааш сабт шудааст. Ин маълумот низ барои довталабон дар кабинети инфиродияшон дастрас аст.
Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки пас аз дастрас кардани даъватнома дар бораи нишонӣ ва нуқтаи роҳнамои маркази имтиҳоние, ки дар даъватномаашон нишон дода шудааст, аз рӯйхати номбаршуда маълумот гирифта, бо макони имтиҳонсупориашон пешакӣ шинос шаванд, то дар рӯзи имтиҳон дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкилӣ дучор нагарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд






