Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд
ДУШАНБЕ, 16.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе бо ҷалби техникаҳои махсуси коммуналӣ роҳҳои мошингарди ҳудуди шаҳри Душанберо аз барф тоза карда, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин раёсат хабар медиҳад.
Кормандони милитсияи пойтахт аз шаҳрвандон хоҳиш менамоянд, ки воситаҳои нақлиёти худро дар канори роҳҳои мошингард нагузоранд, зеро бо ин амалашон боиси танбашавӣ ва монеи фаъолияти кормандони коммуналӣ мегарданд.
Натиҷаи масъулиятшиносии кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе, махсусан роҳрӯбон ва кормандони милитсия буд, ки ин субҳ тамоми роҳҳои мошингард ва пиёдагарди пойтахт аз барф тоза карда шуда, бехатарии ҳаракат дар роҳ барои ронандагону пиёдагардон таъмин гардид.
Ҳамчунин бо мақсади ҳифзи шохаи дарахтон аз шикастан онҳо аз барф тоза карда шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






