Кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон расонида шуданд

Декабрь 27, 2024 09:51

ХОРУҒ, 27.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон    кумакҳои навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз либосҳои зимистона ва туҳфаҳо   расонида шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Кумакҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуданд.

Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ зимни суҳбат бо тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ иброз дошт, ки «Пешвои миллат ба таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Ҳамасола бо мақсади такмили донишу истеъдод ва ҳунару маҳорати хонандагон дар мамлакат озмунҳои мухталиф баргузор мегарданд.

Ҳавасмандгаронии довталабони озмуну олимпиадаҳо бо ҷоизаю маблағҳои пулӣ ва муқаррар кардани баъзе имтиёзҳо ба онҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои олӣ  кӯдакону наврасонро водор месозад, ки бештар китобҳои бадеӣ ва илмӣ-риёзӣ  мутолиа карда, савияи дониши худро боз ҳам баландтар бардоранд».

Тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон ба Пешвои миллат барои ғамхории навбатӣ ва туҳфаҳо изҳори сипос карда, баён доштанд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, бо рафтору кирдори намунавӣ мактабро хатм ва ба Тоҷикистон  содиқона хизмат менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Декабрь 27, 2024 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»