Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Истаравшан шинос гардид
ДУШАНБЕ, 07.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, фаъолияти идораҳои замин, хоҷагии об, нигоҳдории роҳҳо, хоҷагии ҷангал, бахши ҳифзи муҳити зист, хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Истаравшан шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Таъкид гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини соҳа вобаста ба сари вақт анҷом додани шудгори заминҳо, шинонидани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ дар шафати шоҳроҳҳо, талу теппаҳои бекорхобида, барқарорсозии мавзеъҳои алоҳидаи ҷангалзорҳо ва яхобмонӣ дар заминҳои боғу токзор тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамчунин Сулаймон Зиёзода дар хоҷагии деҳқонии «Бобо Қулӣ» бо боғи павлония, киштзори хуч ва таҷрибаи кишти пиёзи қатрагӣ шинос шуда, ба роҳбарият ва саҳмдорони хоҷагии деҳқонии мазкур барои самаранок истифода кардани замин ва иҷрои «Барномаи рушди парвариши павлония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тавсияҳо дод.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан








Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад






