Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ бузург мебошад
ДУШАНБЕ, 31.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ самтҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи иқтисоди миллиро муқаррар намуд. Дар баробари дигар самтҳои муҳимтарини пешрафти минбаъдаи мамлакат дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои дастгирии рушди соҳибкорӣ аҳамияти махсус дода шуд. Зеро соҳибкор воқеан қувваи пешбарандаи рушди иқтисодӣ ба шумор рафта, дар баробари сармоягузориҳои давлатӣ саҳми соҳибкорони ватанӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ назаррас мебошад. Чунин изҳор намудааст доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Муқаддасзода дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардид.
Тибқи маълумоти матраҳшуда, барои амалисозии нақшаю барномаҳои миллию соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохилию хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Боиси қаноатмандӣ аст, ки дар радифи дастгирии сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат тибқи нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси ҷумҳурӣ дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот гардида, тавассути маблағгузориҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсолию иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки низоми тадриҷан рушдёбандаи иқтисодиёт ба комбинатсияҳои гуногуни омилҳои истеҳсолӣ тавассути фаъолияти соҳибкорӣ вобаста мебошад. Мувофиқан, неруи эҷодкори соҳибкорӣ дар қатори 3 омили классикии истеҳсолот, яъне замин, меҳнат ва сармоя дар такрористеҳсолкунии ҷамъиятӣ ҳамчун омили мустақили чорум баромад мекунад.
Фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ, шуғли аҳолӣ ва истеҳсолоти ватанӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон бо ин, соҳибкорӣ ба навовариҳои илму техника, тағйири талабот ва вазъи бозори ҷаҳонию минтақавӣ ба зудӣ мутобиқ шуда, дар ин замина истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирро таъмин менамояд.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар Тоҷикистон бо мақсади ҳимояю дастгирӣ ва фароҳамсозии фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ аз соли 1995 инҷониб заминаҳои меъёрию ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ тадриҷан мукаммал ва барномаҳои мушаххас амалӣ карда шудаанд. Мақсади асосии барномаҳои давлатии дастгирии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё намудани шароити мусоид, аз ҷумла ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, молиявӣ ва ташкилӣ барои ташаккули бахши хусусии иқтисодиёти мамлакат, муҳайёсозии инфрасохтори пешрафтаи соҳибкорӣ, инчунин муайян намудани фишангҳои асосии макроиқтисодӣ ва дигар дастгириҳои давлатӣ ва ҷамъиятии соҳибкорӣ дар асоси моликияти хусусӣ ва корпоративӣ мебошад.
Дар ин самт бо назардошти нақши созандаи соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат консепсия, стратегияю барномаҳои давлатӣ ва якчанд санади меъёрии ҳуқуқии фароҳамсозандаи фазои мусоиди соҳибкорӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд.
Аз нигоҳи мо раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва ташаккулёбии фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро, ки аз паёмҳои Пешвои миллат сарчашма мегиранд, метавон ба се марҳалаи асосӣ ҷудо намуд.
Дар марҳалаи аввал, ки давраи гузариш аз иқтисоди нақшавӣ ба иқтисодӣ бозорӣ ва давраи бунёди асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва институтсоналии фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад, бинобар вазъияти солҳои аввали Истиқлолияти давлатии мамлакат ислоҳот, ки таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат, дар навбати аввал, ба хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ равона гардида буд, то андозае тӯл кашид. Дар ин давра бинобар кандашавии занҷираи муносибатҳои иқтисодию молиявӣ бо ҷумҳуриҳои собиқи шуравӣ ва дар шароити бозорӣ амалӣ гардидани интиқоли молу маҳсулот ва тиҷорати берунӣ буҳрони иқтисодию молиявӣ ба миён омада, пастравии истеҳсолот ва коҳишёбии нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар ҳама давлатҳои тозаистиқлоли пасошуравӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳида мерасид.
Тибқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ (аз 19 июни соли 2002 тасдиқ шудааст), Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии таназзули иқтисодиёт аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлолият ба татбиқи “Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои 1995-2000” шуруъ намуд, ки онро барномаи иқтисодии мубориза бо камбизоатӣ ва таъмини рушди иқтисодӣ иваз кард ва он солҳои 1998 ва 2001-ро дар бар гирифтааст. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 ба Ҳукумат имконият дод таваҷҷуҳи худро ба ислоҳот муттамарказ намояд, ки ба истиқрори вазъи макроиқтисодӣ ва якчанд дигаргуниҳои сохтории барои таъсиси асосҳои иқтисоди бозаргонӣ таъйингардида нигаронида шудааст. Дар марҳалаи аввал дар самти хусусигардонии корхонаҳои хурд пешравии назаррас ба даст омада, соли 1999 ҷараёни таҷдиди сохтори корхонаҳои бузург оғоз гардид ва дар соҳаи кишоварзӣ ислоҳоти нисбатан амиқ доир шуда, дар аввали солҳои 2001 ҳуқуқи истифодаи тақрибан 50 фоизи заминҳои кишт ба шахсони алоҳида гузашт. Натиҷаи татбиқи ин ислоҳот ва фазои нисбатан мусоиди сиёсӣ ба рушди назарраси маҷмуи маҳсулоти дохилӣ мусоидат намуд, ки суръати рушди он дар маҷмуъ аз соли 1997 то соли 2001 32,5 фоизро ташкил додааст.
Дар ин ҷода бо иқдоми стратегию хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон судури Фармон аз 3 декабри соли 1994 «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба тавсеаи дигаргунсозиҳои иқтисодӣ ва суръатбахшии гузариш ба муносибатҳои бозорӣ» амали бисёр муҳимму саривақтӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина “Барномаи дигаргунсозиҳои иқтисодии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 1995 тасдиқ шудааст.
Муқаррароти асосӣ ва стратегии барнома ба таъсиси асосҳои хоҷагидории бозорӣ, аз ҷумла амалисозии ислоҳоти замин, ташаккули иқтисоди бисёрсохторӣ ва инфрасохтори бозори комплекси агросаноатӣ, рушди соҳибкории озод ва фаъолияти иқтисодии берунаи фаъол нигаронида шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар мамлакат ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзим ва назорати асъор» (аз 4 ноябри соли 1995), фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодсозии савдои берунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 27 июни соли 1995) ва «Дар бораи озодсозии амалиёти асъорӣ ва содиротӣ» (аз 24 феврали соли 1996) ба тасвиб расида, солҳои минбаъда ба хотири фароҳамсозии заминаҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ тадбирҳои самарабахш амалӣ карда шуданд.
Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 10 майи соли 2002), «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ» (аз 19 июни соли 2002), «Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ барои солҳои 2002-2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 1 октябри соли 2002), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» (аз 17 майи соли 2004), «Консепсияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015» (аз 3 декабри соли 2004), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 28 июли соли 2006) мавриди амал қарор дода шуданд.
Дар баробари ин, Паёми Пешвои миллат ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30.04.2001с.) ҳамчун ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ самтҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи иқтисоди миллиро муқаррар намудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз соли 2001 дар Паёми Президенти мамлакат ҷанбаҳои консептуалии ҳадафҳои стратегии имрӯза матраҳ гардидаанд. Махсусан, масъалаҳои таъмини шуғли аҳолӣ бо роҳи ташкили ҷойҳои нави кор, амалисозии ислоҳоти куллии корхонаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бахши хусусӣ, эҳёи саноат тавассути амалӣ сохтани реструкутризатсияи корхонаҳо, ҳуқуқ ба моликият ва тағйироти дахлдори тадбирҳои ҳавасмандӣ, инчунин рушди соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии соҳа ва ба ин васила таъмин намудани истиқлолияти озуқавории мамлакат ва рушди соҳаҳои нақлиёту энергетика аз ҷумлаи самтҳои стратегии пешбинишуда ба ҳисоб мераванд.
Татбиқи иқдоми пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалисозии ислоҳот дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятнок имкон доданд, ки дар мамлакат барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ фазои мусоид фароҳам оварда шавад.
Дар марҳалаи дуюми амалисозии ислоҳот дар масъалаи боз ҳам беҳтарсозии фазои мусоиди соҳибкорӣ, рушди истеҳсолот, воридоти техникаву технологияҳои нав тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Аз ҷумла, идомаи корҳо оид ба гузаронидани ислоҳоти давра ба давра ва маҷмуии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешидани маҷмуи тадбирҳо оид ба навсозии истеҳсолот ва равандҳои технологӣ, ҳавасмандсозии сармоягузориҳои хориҷию ватанӣ, тақвияти ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, мукаммалсозии низоми қарздиҳӣ ва молиявии дастгирии субъектҳои соҳибкории хурду миёна, пешниҳоди субсидияҳои давлатӣ ва қарзҳои имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна, беҳтар намудани сифат, афзун намудани хаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва содирот аз ҷумлаи махсусиятҳои ин давра ба ҳисоб мераванд.
Дар ин давра “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015” (аз 28 июни соли 2007) қабул ва Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ (аз 19 декабри соли 2007) таъсис дода шуда, инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 26 марти соли 2009), «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» (аз 19 майи соли 2009, №508), «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» (аз 25.03.2011), «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» (соли 2012) ва Барномаи беҳбудии фазои соҳибкорӣ — 200 рӯзи ислоҳот (аз 2 июли соли 2009), Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 (аз 30 апрели соли 2012) қабул ва амалӣ гардида, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав (аз 1 январи соли 2013) мавриди амал қарор дода шуд.
Дар ин марҳала Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои рушди бахшҳои воқеии иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии дарозмудат ва миёнамуҳлат қабул ва амалӣ карда шуданд.
Таъсиси Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва баррасию чораҷӯии мушкилоту масъалаҳои рушди соҳибкорӣ аз ҷумлаи махсусияти асосии марҳалаи дуюм ба шумор меравад. Дар ин давра бо мақсади дастгирӣ ва рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2008 ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати ду сол мораторий эълон гардида, минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис дода шуданд ва асосҳои ҳуқуқию институтсионалии шарикии давлат ва бахши хусусӣ фароҳам оварда шуданд.
Ҳамчунин дар ин давра бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2011 ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва ё техникаю технологияҳои навинро барои васеъ намудани на кам аз нисфи истеҳсолот ҷалб менамоянд, ба муҳлати се сол мораторий эълон ва ба рушди устувори иқтисодии мамлакат замина гузошта шуд.
Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати Тоҷикистон давоми солҳои 2009-2014 ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ гузаронид, ки дар натиҷа шумораи соҳаҳои иҷозатҳо аз 805 то 86 адад кам карда шуда, низоми электронии пешниҳоди иҷозатҳо то 30 фоиз ба роҳ монда шуд.
Марҳалаи сеюм давраи солҳои 2016 то ба имрӯзро фаро гирифта, дар баробари таҳия ва қабули “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ва барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои солҳои 2016-2020, 2021-2025), инчунин “Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.
Дар ин ҷода аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади саноатикунони босуръати иқтисоди миллӣ якчанд стратегияву барномаҳои миллӣ, аз ҷумла «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2025», «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025» ва дигар барномаҳои соҳавӣ таҳия ва қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.
Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои корӣ, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорию сармоягузорӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 январи соли 2018 ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда шуда, маҷмуи тадбирҳо оид ба амалисозии саноатикунонии босуръат дар мамлакат андешида шудаанд.
Тавре ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, татбиқи ислоҳот дар самти санҷиши субъектҳои хоҷагидор имкон дод, ки то имрӯз шумораи мақомоти санҷиш аз 31 то ба 23 ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз 300 ҳазори соли 2016-ум то 42 ҳазор дар соли 2024-ум кам гардад. Аз ҷумла, муқаррарот дар Кодекси андоз доир ба гузаронидани санҷишҳои андоз тибқи низоми идоракунии хавфҳо имкон медиҳанд, ки шумора ва муҳлати гузаронидани онҳо маҳдуд ва сифатнокӣ таъмин карда шавад. Тибқи маълумот, соли 2023 нисбат ба соли 2014 шумораи санҷишҳои андоз дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ду баробар кам гардид.
Дар ин самт дар мамлакат ислоҳоти иқтисодӣ бомаром идома ёфта, бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2022 ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон ва дар Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд сабукиҳо ва имтиёзҳо дар самти рушди соҳибкорию сармоягузорӣ пешниҳод карда шудаанд.
Аз ҷумла, тибқи банди 2 зербанди 6 моддаи 189 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон даромади корхонаҳои навтаъсис аз таҳвили молҳои истеҳсолшуда, агар муассисони онҳо дар муҳлати 12 моҳи тақвимии аз санаи бақайдгирии ибтидоии давлатӣ ба фонди оинномавии чунин корхонаҳо ҳаҷмҳои аз 200 ҳазор то 5 миллион сомонӣ сармоягузорӣ намоянд, мутобиқан ба муҳлатҳои аз 2 то 5 сол андозбандӣ карда намешавад.
Инчунин бо мақсади дастгирии рушди соҳибкорӣ тибқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, номгӯи зерини молҳои воридотӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз озод мебошанд:
— воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо, аз ҷумла дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) барои ташаккул ё пурра кардани сармоя (фонд)-и оиномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонидани техникии истеҳсолотӣ амалкунанда ба шарте, ки ин молу мулк мустақиман барои истеҳсоли мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии корхона истифода шуда, ба категорияи молҳои зераксизӣ мансуб набошанд;
— воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, фарматсевтӣ ва асбоби тиббӣ, технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти муосири ташхису табобат, дорувории тиббӣ, ба истиснои дорувории тиббии дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, ки тартиб ва номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
— воридоти молҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои созишномаҳои грантӣ ва қарзӣ;
— воридоти молҳо барои сохтмони объектҳои махсусан муҳим, ба истиснои молҳои дар ҷумҳурӣ истеҳсолшавандае, ки номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
— воридоти таҷҳизоту техника, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи дигар барои таъмини эҳтиёҷоти иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва иншооти дигари сайёҳӣ), ба истиснои молҳои дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда;
— воридоти молҳо (ба истиснои молҳои зераксизӣ) бевосита аз ҷониби истеҳсолкунандагон барои истеҳсоли алюминийи аввалия тибқи номгӯй ва ҳаҷми муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва (ё) воридоти молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худии субъектҳои хоҷагидор дар соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварй ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво;
— воридоти қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии техника ва мошинолоти кишоварзӣ аз ҷониби корхонаҳои васлу насбкунанда (истеҳсолкунанда) барои истеҳсол, инчунин фурӯши мол (маҳсулот)-и ниҳоии истеҳсолшуда;
— воридоти қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии автомобилҳои сабукрав, боркашу борбардор аз ҷониби корхонаҳои васлу насбкунанда (истеҳсолкунанда) барои истеҳсоли худӣ.
Тавре ки дар “Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” гуфта шудааст, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, муколамаи давлат бо бахши хусусӣ, содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ба танзим даровардани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, низоми иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, ташаккули низоми андозбандӣ ва содагардонии савдои беруна ислоҳоти манфиатноке мебошад, ки ба рушди бахши хусусӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Дар натиҷаи амалисозии ҳадафҳои дар паёмҳои Президенти мамлакат муқарраргардида ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки дар рушди бахши хусусӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат ва дар ин замина дар рушди устувори иқтисоди миллӣ ба натиҷаҳои наззаррас ноил гардад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 барҳақ иброз гардид, ки дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии мамлакат аз 27 миллиард то ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шудааст.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки Ҳукумати мамлакат бо дарки нақши созандаи соҳибкорӣ дар таъмини пешрафти минбаъдаи иқтисоди миллӣ, дар баробари мавриди амал қарор гирифтани маҷмуи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар ин самт ислоҳоти мушаххасро идома медиҳад. Аз ҷумла, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ тадбирҳои самарабахши зерин баён карда шуданд:
— тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад.
— дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии гуфташуда бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шавад.
— Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои соҳавӣ бо зикри маълумоти мушаххасу дақиқ оид ба захираву имконияти мавҷуда, соҳаҳои афзалиятнок ва самтҳои асосии беҳтар намудани фазои сармоягузории мамлакат дар муҳлати се моҳ “Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040”-ро таҳия намояд.
— бо мақсади баланд бардоштани ҳавасмандии соҳибкорон доир ба масъалаи истифодаи соҳибкорону сармоягузорон аз имтиёзи андоз аз фоида ҳангоми бунёди корхонаи нав Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи андоз вазифадор гардиданд, ки оид ба такмил додани механизми татбиқи имтиёзи андоз аз фоида барои корхонаҳое, ки фаъолияти истеҳсолии навро ба роҳ мондаанд, дар муҳлати ду моҳ санадҳои дахлдорро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки ислоҳоти амалишуда ва самтҳои стратегии дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мартаҳшуда собит менамоянд, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва асосҳои институтсионалии рушди фазои мусоиди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ дар мамлакат фароҳам гардида, дар роҳи амалисозии ҳадафҳои дарозмуддати рушди мамлакат боз як асоси устувор ва иқдоми бузург гузошта шуд. Бешубҳа, амалисозии иқдоми дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ матраҳшуда имкон медиҳад, ки ҷавобан ба хавфҳои глобалии замони муосир устувории иқтисоди миллиамонро таъмин намуда, ба болоравии сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат ноил гардем.