НИҲОЛШИНОНӢ ВА САБЗАЗОРКУНӢ. Дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар беш аз 1000 бех ниҳол шинонида шуд

Декабрь 8, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 08.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои  Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон,  дар канори шоҳроҳи  Душанбе-Бохтар беш аз 1000 бех ниҳоли ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Масъулин иброз доштанд, ки гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он, камобӣ, хушксолии пай дар пай ва дигар офатҳои табиӣ ба муҳити зисти инсоният таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин рӯ барои бартараф намудани вазъи ногувори муҳити зист,  пешгирӣ намудани харобшавии минбаъдаи он, инчунин афзудани ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ корҳои назаррас ба анҷом мерасанд. Тадбирҳои сабзкорӣ дар вилоят марҳила ба марҳила густариш ёфта, зимни он ба аҳамият ва нигоҳубини дурусти ниҳолҳо бештар таваҷҷуҳ дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят   бунёдкорию созандагӣ, ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ вусъат ёфта, барои ободу зебо гардонидани ҳар деҳа, маҳалла ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тадбирҳои самарабахш андешида мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Декабрь 8, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд