«Олимпиада»-ҳои тиҷоратӣ. Дар интихоби онҳо эҳтиёткор бошед!
ДУШАНБЕ, 03.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» ба диққати тамоми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон мерасонад, ки ҳангоми интихоби олимпиадаҳо танҳо он олимпиадаеро интихоб намоянд, ки барои иштирок дар онҳо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода бошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд.
Зеро бо истифода аз нуфузи олимпиадаҳои байналмилалӣ якчанд ташкилоти тиҷоратӣ ва сайёҳӣ «олимпиада»-ҳоеро тарғиб мекунанд, ки ҳадафи асосии онҳо танҳо тавсеаи тиҷорати худ мебошад. Чунин «олимпиада»-ҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ эътироф нагардида, барои ғолибони онҳо ягон намуд имтиёз пешбинӣ нашудааст. Аз ин лиҳоз, чунин чорабиниҳои сатҳи пасти ташкиливу илмӣ «олимпиада» ва ғолибият дар онҳо «дастовард» ба ҳисоб намеравад.
Аз ин рӯ хонандагон даъват карда мешаванд, ки ҳангоми интихоби олимпиада эҳтиёткор бошанд. Пеш аз иштирок боварӣ ҳосил намоянд, ки кумитаҳои тадорукоти ин чорабиниҳо аз аккредитатсия гузашта, эътибори байналмилалӣ доранд ё не? Инчунин дақиқ намоянд, ки олимпиадаҳои баргузорнамудаи онҳо воқеан ба стандартҳои байналмилалӣ ва барномаҳои таълимии мамлакати мо мувофиқат мекунанд ё не?
Бояд таъкид намуд, ки баъзе аз ин олимпиадаҳо дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, имкони воқеии нишон додани донишу малака ва гирифтани имтиёзҳо барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро фароҳам овардаанд. Иштирок дар онҳо ҳамчун дастоварди илмӣ шинохта ва қадр карда мешавад. Ҳамзамон барои иштирок дар ин гуна олимпиадаҳо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст.
АКС аз манбаъҳои боз








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Хуросон сохтмони иншооти соҳаи маориф вусъати тоза гирифтааст
Маркази миллии тестӣ гурӯҳи ихтисосҳои серинтихобро номбар намуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 27 ихтисоси нав дар соҳаи технология ва металлургияи металлҳои сиёҳ ташкил мешавад
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» оғоз ёфт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол дар нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 10 ҳазор ҷой зиёд ҷудо гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Мактаби байналмилалии тобистона оид ба омӯзиши криосфера ба фаъолият оғоз намуд
«БЕҲТАРИНИ ОСИЁ – 2026». Навраси тоҷик сазовори ҷоизаи байналмилалӣ шуд
Моҳи ноябр доир ба саҳми Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 140 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунад
Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфи якум давраи мутобиқшавӣ гузаронида мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 83 нафар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд






