ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар ноҳияи Деваштич 190 ҳазор тонна картошка захира гардидааст
ДУШАНБЕ, 08.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштич соли равон 261 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардид. Аз ин шумора дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 190 ҳазор тонна картошка захира шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Иброз гардид, ки танҳо дар анбори хоҷагии деҳқонии «Аҳмадбой»-и ноҳия 100 тонна картошка захира карда шудааст.
Маҳсулоти захирагардидаи ноҳия ҳамарӯза ба бозорҳои вилоят ва шаҳри Душанбе ирсол мегардад.
Соли равон кишоварзони ноҳияи Деваштич дар 8175,4 гектар кишти картошка гузарониданд, ки нисбат ба соли 2023 майдони кишт беш аз 800 гектар зиёд аст.
Картошкапарварӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Ин навъи зироатро мардум нони дуюм медонанд ва талабот ба он хеле зиёд аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати аграрӣ буда, аз ин лиҳоз картошка дар он ба таври васеъ кишту парвариш мешавад.
Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои картошкапарварии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, минтақаҳои доманакӯҳӣ он барои парвариши картошкаи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва истеҳсоли тухмиҳои хушсифат мутобиқ мебошад.
Имсол кишоварзони вилоят дар майдони 28 ҳазор 940 гектар картошка кишт намуданд, ки нисбат ба соли 2023 3603 гектар зиёд аст.
Дар вилоят ба ҳолати 1 ноябри соли равон 640 ҳазору 033 тонна картошкаи хушсифат ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 105 ҳазору 843 тонна зиёд мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид






