ПАЁМ-РОҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ДУРАХШОН. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 31.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Паём – роҳнамои имрӯзу фардои дурахшон» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода иброз намуд, ки Паём ба Маҷлиси Олӣ муҳимтарин ҳуҷҷати барномавие аст, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, дурнамои рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масоили соҳаҳои гуногун ҳаматарафа таҳлил ва баррасӣ шудаанд.
Зимни ҳамоиш ҳамзамон аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ёдовар шуда, рушди илму маорифро калиди пешрафти ҳама соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмини ояндаи босуботи давлат арзёбӣ намуданд. Инчунин оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарурати Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон сухан гуфта шуд. Таъкид гардид, ки ҳар фарди ҷомеа бояд зарурати ин иқдомро дарк намуда, дар рушди донишҳои илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ саҳм гузорад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба беҳтар муаррифӣ гардидани Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Яке аз нуктаҳои муҳимтарини он соҳаи иҷтимоӣ буд ва бори дигар таъкид гардид, ки дар масъалаи маблағгузорӣ соҳаи иҷтимоӣ, махсусан маориф дар Тоҷикистон яке аз ҷойҳои хеле назаррасро ишғол менамояд. Ин сабаб шуд, ки имрӯз сатҳи дониш ва сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар шуда, барои насли наврас шароити хуб муҳайё гардад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд






