«ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» таҳти унвони «Зан ва замон: 25 соли музаффарият» ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳамоиш бо намоиши филм аз боби дастовардҳои занону духтарони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ оғоз гардид.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз ташаббусҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ва нақши занон дар ҳифзи музаффарияти даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои навини давлатдории миллӣ изҳори андеша намуд.
Гуфта шуд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ рисолати инсонофарию ҳаётбахшии занонро ҳамеша қадр намуда, ба сиришти поку номи нек ва заҳмату фидокории онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамеша арҷ мегузорад.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода оид ба таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа тавассути интишор ва амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», қабул гардидани силсиласанадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти кор бо занон ва оила ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дастгирии мунтазами ташаббусҳои наҷиби занону духтарон ибрози назар намуд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






