35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон 100 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 26.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бунёди беш аз 220 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то ин марҳила беш аз 100 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Яке аз ин иншоот корхонаи «Беҳрӯз пласт» буда, дар он зарф ва қуттиҳои пластикӣ истеҳсол мегарданд. Бо ин мақсад дастгоҳҳои муосир аз Чин ворид ва васлу насб карда мешаванд. Корхона аз коргоҳҳои истеҳсоли плёнка, қолабрезӣ ва рангу бор иборат буда, зарф ва қуттиҳо бо шаклу андозаи гуногун истеҳсол мегарданд. Ашёи хом асосан аз Чин, Эрон ва Русия ворид шуда, маҳсулоти истеҳсолшаванда воридотивазкунанда мебошад. Бунёди чунин корхонаҳои муосири саноатӣ барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат менамояд.
Инчунин тасмим гирифта шудааст, ки дар шаҳри Бӯстон дар ҶДММ «Анқоинвест» коргоҳи забҳи паранда ва басту банди он ташкил шавад. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ босуръат идома дошта, дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ аз кишварҳои аврупоӣ ворид гардидаанд.
Баробари ба кор андохтани коргоҳ, ки ба таври автоматӣ ва тибқи талаботи замони муосир фаъолият мекунад, 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилоти Суғд








Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






