Барои таҳқиқоти илмӣ то 35 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муайян гардид

Январь 8, 2025 10:23

ДУШАНБЕ, 08.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки омӯзгоронеро, ки аз рӯйи ихтисосҳои нодир, аз қабили зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология ва биохимия рисолаҳои номзадию докторӣ ҳимоя менамоянд, бо маблағи аз 25 то 35 ҳазор сомонӣ ҳавасманд намояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Омӯзгорон барои ҳимоя аз рӯйи ихтисосҳои экология, вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва инноватсия низ чунин ҳавасманд карда мешаванд.

Ҳамзамон омӯзгорону кормандони асосии донишгоҳ, ки соли 2025 рисолаҳои номзадию доктори фалсафа (доктор аз рӯйиихтисос Ph.D), докторӣ ва доктор ҳабилитат ҳимоя менамоянд, ба маблағи аз 20 то 30 ҳазор сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

Ин тасмим тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади зиёд намудани теъдоди олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ гирифта шудааст.

Таъкид карда шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи илму маорифи мамлакат дар замони муосир мусоидат намудан ба зиёд шудани шумораи олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба ҳисоб меравад. Ин масъала зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат аз 30 майи соли 2024 мавриди таъкид ва таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Январь 8, 2025 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд