Дар Амороти Муттаҳидаи Араб барои навхонадорон гузаштан аз муоинаи тиббӣ ҳатмӣ шуд
ДУШАНБЕ, 06.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Амороти Муттаҳидаи Араб аз 1 январи соли 2025 барои ҳама шаҳрвандон гузаронидани муоинаи ҳатмии тиббии қабл аз издивоҷро қонунӣ намуд. Қаблан гузаронидани муоинаи ҳатмии тиббӣ байни навхонадорон ихтиёрӣ буд. Дар ин хусус Kazinform иттилоъ медиҳад.
Ин қарор аз ҷониби Шурои геноми Аморати Муттаҳидаи Араб, ки дар ҷаласаҳои солонаи Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар моҳи ноябр тасдиқ гардид, қабул карда шуд. Тамоми оилаҳои навбунёд аз муоинаи ҳатмии тиббӣ мегузаранд ва натиҷаҳои он тақрибан 14 рӯзро дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2016 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонун «Дар бораи аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаронидани ҷавонон қабл аз издивоҷ» мавриди амал қарор гирифта буд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаронидани ҷавонон қабл аз издивоҷ» дар мамлакат издивоҷ бо писарамак ва духтарамак, инчунин писартағову духтарамма манъ аст. Ҳамин гуна, пеш аз издивоҷ аз муоинаи тиббӣ гузаштан низ ҳатмӣ буда, он ройгон аст. Дар ҳолати муайян намудани бемории сироятӣ дар яке аз никоҳкунандагон онҳо бояд аз давраи табобатӣ гузаранд. Баъди пурра шифо ёфтан ба онҳо барои ақди никоҳ иҷозат дода мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то замони қабули ин қонун дар мамлакат беш аз 26 ҳазор кӯдаки маъюб сабти ном шуда буд. 35 дарсади онҳо фарзандони оилаҳое мебошанд, ки хешовандони наздик ҳастанд.
Аз 10 то 20 фоизи дигари ин кӯдакони маъюб фарзандони волидоне ҳастанд, ки гирифтори бемориҳои сироятӣ мебошанд.
АКС: АБИ «Казинформ»








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






