Дар шаҳри Роғун бо мақсади омӯзиши нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
РОҒУН, 09.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо мақсади омӯзиши ҳамаҷонибаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иттилоъ доданд.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар намуда, онро ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳо ва дурнамои рушди устувори мамлакат дар ҳама самтҳо арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, соҳаҳои обу энергетика, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, саноатикунонии мамлакат, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги аҷдодӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва дигар мавзуъҳои муҳимро фаро мегирад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ идомаи мантиқии паёмҳои солҳои пешин буда, роҳи рушду пешрафти моро дар ояндаи наздик муайян мекунад. Бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми мамлакат раванди созандагию ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаю барномаҳои пешбинигардида барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ мегарданд.
Дар ҷамъомад масъулин оид ба рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, беҳтар гардонидани хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ, дастгирии фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, рушди соҳаҳои саноату сайёҳӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сухан гуфтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун








Ҷанбаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар соҳаи инноватсия тавзеҳ дода шуданд
Доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Кумитаи рушди маҳал Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар Саридораи геология оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
БОЗНИГАРИИ ТАЪРИХ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ СИЁСӢ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Паёми Президенти Тоҷикистон самтҳои асосии рушди устувори давлатро барои марҳилаи нави таърихӣ муайян менамояд
Дар Суди шаҳри Душанбе нуктаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуданд
ҚОНУН «ДАР БОРАИ БОСТОНШИНОСӢ». Дар замони ҷаҳонишавӣ зарурати қабули он пеш омадааст
Дар Кӯлоб нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд






