Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Лакнави Ҳиндустон ҳамкориро тақвият мебахшад

Январь 15, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 15.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 январ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ вохӯрии  ректори донишгоҳ Қудрат Давлатзода бо намояндагони Донишгоҳи давлатии Лакнави Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад,  зимни мулоқот масоили мубрами ҳамкории академии ҷонибҳо дар самтҳои табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, ҷалби омӯзгорону профессорони ҷонибҳо ба чорабиниҳои илмӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таҳқиқоти илмии муштарак, баргузории конфронсу ҳамоишҳои муштарак ва амсоли инҳо баррасӣ гардид.

Дар анҷоми вохӯрӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, барои дар амал татбиқ намудани бандҳои дахлдори созишнома Харитаи роҳ таҳия гардид. Тибқи он рушди муносибатҳои дуҷониба дар сатҳи комилан нав амалӣ мешавад.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Январь 15, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад