Форуми II байналмилалии «Суғд-чорроҳаи роҳи бузурги абрешим» гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 03.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд Форуми II байналмилалии «Суғд-чорроҳаи роҳи бузурги абрешим», Намоишгоҳи XI байналмилалии савдо «Суғд-2025» ва Форуми III байналмилалии «Сармояи инсонӣ ҳамчун манбаи рушди иқтисодиёт» гузаронида мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Намоиш ва форумҳо бо мақсади рушди иқтисод ва савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридоти технологияҳои муосир ва муаррифии захираю имконияти мавҷуда ташкил мегардад.
Тибқи нақша, Форуми II байналмилалии «Суғд-чорроҳаи роҳи бузурги абрешим» 16-19 апрел, Намоишгоҳи XI байналмилалии савдо «Суғд-2025» 12-14 июн ва Форуми III байналмилалии «Сармояи инсонӣ ҳамчун манбаи рушди иқтисодиёт» 25-27 сентябри соли равон гузаронида мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






