Хадамоти алоқа: «Барои дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет дар Тоҷикистон 798 стансияҳои базавӣ насб карда шуданд»
ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» соли 2024 798 стансияҳои базавӣ насб карда шуданд. Ҳамчунин зиёда аз 300 километр хати нахи нурӣ барои вусъат бахшидани фаъолияти мунтазами стансияҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет насб гардид. Ин матлабро имрӯз, 29 январ сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло дар нишасти матбуотии ин ниҳод баён намуд.
Сардори Хадамоти алоқа инчунин гуфт, ки аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ мошинҳои махсуси алоқаи сайёр ба истифода дода шуда, замимаҳои бонкинги мобилӣ дар смартфонҳо ба кор дароварда шуданд.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 4,5 миллион нафарро ташкил медиҳад.
«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии муштариёни ба шабакаҳои алоқаи барқӣ пайвастшуда баъди дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» 8 миллион нафарро ташкил дод, ки зиёда аз 5 миллиони он муштариёни фаъол мебошанд»,-изҳор гардид дар нишаст.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






