ЛИМӮ-БРЕНДИ ТОҶИКИСТОН. Як дарахти лимӯ то 1500 дона мева медиҳад

Январь 27, 2025 09:48

ДУШАНБЕ, 27.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як дарахти 7-солаи лимӯ то 1500 дона мева медиҳад. Инчунин лимӯ дар мамлакати мо вобаста ба минтақаи парвариш бо лаззат, пӯст, ранг ва намуди зоҳирӣ фарқ мекунад. Ин матлабро  узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саидалӣ Гулов ба АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мамлакат масоҳати гармхонаҳо барои парвариши лимӯ 708 гектарро ташкил медиҳад. Соли 2024 дар Тоҷикистон 15 ҳазор тонна лимӯ ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба соли 2023  3 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Ба андешаи мутахассисон, лимӯ ба хунукии сахт тобовор нест. Дар шароити Тоҷикистон лимӯ асосан бо ду тарз: дар лимӯхонаҳои зеризаминӣ-хандақҳо ва лимӯхонаҳои рӯизаминӣ-гармхонаҳо парвариш карда мешавад. Ин тарзҳо аз лиҳози парвариш, нигоҳубин, ҳосилнокӣ ва истифодаи техникаи кишоварзӣ аз ҳамдигар фарқ доранд. Афзалияти парвариши лимӯ дар хандақҳо он аст, ки зимистонгузаронии лимӯ аз ҳисоби гармии замин таъмин карда мешавад.

Дар гармхонаҳои рӯизаминӣ барои зимистонгузаронӣ манбаъҳои дигари гармидиҳӣ истифода мешаванд. Ҳосилнокӣ дар лимӯхонаҳои рӯизаминӣ-гармхонаҳо нисбат ба хандақҳо ду маротиба зиёдтар аст. Дар шароити Тоҷикистон ҳафт намуди лимӯ парвариш карда шуда, онро аз қаламча зиёд мекунанд.

Барои зимистонгузаронӣ ҳарорати дохили гармхона бояд аз +4+5 то +8+10 дараҷа мусбат бошад, то муғҷаҳои ҳосилдиҳандаи онро сармо назанад. Мавсими гулкунии лимӯ охири моҳи феврал ва март оғоз ёфта, давраи пухта расидани ҳосилаш моҳҳои октябр-ноябр мебошад. Барои пухта расидани лимӯ дарахти он бояд 3500-4000 дараҷа гармиро қабул намояд.

Саидалӣ Гулов иброз намуд, ки лимӯро то фасли тобистон захира карда мешавад. Агар ҳарорати макони нигоҳдорӣ аз 2 то 8 дараҷа гарм бошад.

Лимӯи тоҷикӣ яке аз меваҳои содиротии Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат буда, онро метавон чун бренди тоҷикӣ эътироф кард. Зеро лимӯи тоҷикӣ аз лиҳози лаззат, тунукии пӯст, ранг, намуди зоҳирӣ ва таркиби биохимиявиаш аз дигар намудҳо бартарӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024  «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид. Дар доираи татбиқи ин барнома,  беш аз 113 гектар боғҳои ситрусӣ бунёд мегарданд. Ин боғҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бунёд мешаванд.

 Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Январь 27, 2025 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед