Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи омодагӣ ва кори пойгоҳи обкашии Дилварзин-1 шинос шуд
ДУШАНБЕ, 28.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи омодагӣ ва кори пойгоҳи обкашии Дилварзин-1 шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ.
Сулаймон Зиёзода бо мушкилоти ҷойдошта дар кори иншооти обрасонӣ шинос шуда, зарурати харидории насосҳои нави обкаширо таъкид намуд.
Пойгоҳи обкашии Дилварзин-1 яке аз муҳимтарин инфрасохторҳои обии кишоварзии ноҳия ба ҳисоб рафта, дар таъмини заминҳои кишт бо оби полезӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар деҳоти Мастчоҳ нақши муҳим дорад.
Сулаймон Зиёзода зимни мулоқот бо масъулин изҳор дошт, ки «ҳукумат барои ҳалли мушкилоти обрасонӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Харидории насосҳои обкашӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ мавриди дастгирии молиявӣ қарор мегирад. Мо аз тамоми имконот истифода мекунем, то кишоварзон ба оби зарурӣ дастрасӣ дошта бошанд».
Ин иқдом метавонад ба беҳтар шудани вазъи кишоварзӣ ва таъмини ҳосилнокии заминҳо мусоидат кунад. Татбиқи чораҳо дар ин самт на танҳо барои деҳқонон, балки барои тамоми заминдорони минтақаи «Дилварзин-1» аҳамияти бузург дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад






