Намояндаи Тоҷикистон нахустин бор ба мақоми Президенти Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ барои соли 2025 интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 11.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 январ интихоботи президент ва муовинони президенти Бюрои Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид.
Зимни интихобот Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат ба мақоми президенти Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ барои соли 2025 интихоб гардид. Ин нахустин бор аст, ки намояндаи Тоҷикистон ба ин вазифаи пурмасъул интихоб мешавад.
Бояд таъкид намуд, ки Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ аз 36 аъзо (президент ва чор муовин) иборат буда, фаъолияти ЮНИСЕФ-ро назорат ва арзёбӣ мекунад. Бюро ҳамчун ҳамоҳангсоз байни котиботи ЮНИСЕФ ва гурӯҳҳои минтақавӣ амал намуда, ба масъалаҳои маъмурӣ ва вазифавӣ тамаркуз мекунад. Он ба раванди гуфтушунидҳои қабули қарорҳо давоми ҷаласаҳо барои баланд бардоштани самаранокии Шурои иҷроия мусоидат мекунад.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Сафири Тоҷикистон бо имкониятҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва илмии музофоти федеролии Саарланди Олмон шинос шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ гардид
Вазири корҳои хориҷии Кипр Константинос Комбос дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи СММ оид ба пешгирии ҷиноят ва адлияи ҷиноӣ дар Женева иштирок дорад
Дар Москва машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор шуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО бахшида ба Эъломияи Куруши Кабир конфронси илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Нидерланд доир гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ баррасӣ гардид
Фаррух Ҳамрализода бо сафири Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нико Схермерс мулоқот намуд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти «Маркази тиҷоратии ҷаҳонӣ»-и иёлати Ютаҳи ИМА вохӯрӣ намуд






