Дар қароргоҳи ЮНЕСКО бахшида ба Эъломияи Куруши Кабир конфронси илмӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 03.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж бахшида ба Эъломияи Куруши Кабир таҳти унвони «Асосҳои ҳуқуқи башари муосир ва гуногунрангии фарҳангӣ дар Эъломияи Куруши Кабир» конфронси илмӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин конфронс ба қатъномаи ЮНЕСКО таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ», инчунин ба эълон гаштани соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид, ки соли 2025 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва эълон гаштаанд, бахшида шуд.
Дар кори конфронс намояндагони давлатҳои аъзои ЮНЕСКО, олимон ва коршиносон ба ҳам омаданд. Дар чорабинӣ аҳамияти таърихии Эъломияи Куруш ҳамчун санади заминавии ҳуқуқи инсон, таҳаммулпазирии динӣ ва гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзамон аҳамияти он барои ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Нидерланд доир гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ баррасӣ гардид
Фаррух Ҳамрализода бо сафири Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нико Схермерс мулоқот намуд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти «Маркази тиҷоратии ҷаҳонӣ»-и иёлати Ютаҳи ИМА вохӯрӣ намуд
Ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эъломияи Хуҷанд дар Маркази Авруосиёи Шурои Атлантик баррасӣ шуд
Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Индонезия баргузор гардиданд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сарвазири Тоҷикистон Конфронси чоруми байналмилалиро натиҷагирӣ намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон мавқеи пешсафи худро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тасдиқ намуд
Умут Аҷар: «Дар Тоҷикистон чорабиниҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида мешаванд»
Сироҷиддин Муҳриддин: «Ҳамкории муассир ягона роҳи устувори ҳалли мушкилоти муштараки об мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об баъд аз соли 2030 баррасӣ шуд






