НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз Тоҷикистон ба Лондон, Будапешт, Сеул, Шармулшайх ва Риёз парвозҳои ҳавоӣ амалӣ мегарданд

Январь 29, 2025 15:50

ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон соли 2025 ҷуғрофиёи парвозҳоро фарох гардонида, дар масири Душанбе-Лондон /Британияи Кабир/, Душанбе-Будапешт /Маҷористон/, Душанбе-Сеул /Куриёи Ҷанубӣ/, Душанбе –Шармулшайх /Миср/ ва Душанбе –Риёз /Арабистони Саудӣ/ парвозҳои ҳавоиро амалӣ мегардонад.

Дар ин хусус директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки парвозҳо ба Лондон –пойтахти Британияи Кабир ба таври транзитӣ тавассути Тифлис амалӣ мешаванд. Дар марҳилаи аввал парвозҳо дар ин масир дар як ҳафта як маротиба амалӣ мешаванд.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки соли 2024 се Созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ бо давлатҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Маҷористон ва Ҷумҳурии Кипр ба имзо расонида шуд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2025 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад