НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя нагардидани талаботи қонуни танзим беш аз 11 миллион сомонӣ ҷарима муқаррар гардид

Январь 31, 2025 10:48

ДУШАНБЕ, 31.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраргардида 11 миллиону 95 ҳазору 560 сомониро ташкил намуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода иттилоъ дод.

Раиси кумита иброз намуд, ки соли 2024 дар ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   609 ҳолат зиёд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 114 ҳазору 853 маърака ва маросим сабт гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   506 маърака кам мебошад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад. Вале аз омор маълум мегардад, ки дар ҷумҳурӣ то ҳанӯз ҳолатҳои риоя нагардидани тартиби гузаронидани ҷашну маъракаҳо вуҷуд доранд.

«Новобаста ба кам сабт шудани маърака ва маросим дар ҷумҳурӣ, мутаассифона, ҳуқуқвайронкунии зиёд ба қайд гирифта шудааст. Далели ин дар 1409 ҳолат таъйин гардидани ҷазо мебошад»,-гуфт Сулаймон Давлатзода.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Январь 31, 2025 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар