НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи хизматчиёни давлатӣ ба беш аз 18 ҳазор нафар расид
ДУШАНБЕ, 28.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 шумораи хизматчиёни давлатии амалкунанда 18 ҳазору 801 нафарро ташкил дод, ки синни миёнаи хизматчиёни давлатӣ 36,6 солро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 4849 нафар занон мебошанд. Аз шумораи умумии ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда, ки 5955 нафар мебошанд, 1146 нафарро занон ташкил медиҳанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёс Идрисзода иттилоъ дод.
Илёс Идрисзода иброз намуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои вазъи ҷалби ҷавонон ва занон ба хизмати давлатӣ, мусоидат ба фарогирии онҳо ба хизмати давлатӣ ва мансабҳои роҳбарикунанда мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд. Ҳамзамон оид ба баланд бардоштани дониш ва малакаи кории хизматчиёни давлатӣ гуфта шуд, ки онҳо пайваста кӯшиш менамоянд бо дигар давлатҳо ҳамкорӣ намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо ҷониби Корея лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, дар ин самт мувофиқаи корҳо идора дорад. Дар мавриди ба имзо расидани ин ёддошт меъёрҳо вобаста ба таҳсили хизматчиёни давлатӣ, ташкили семинарҳо, омӯзишҳо ва дигар самтҳое, ки ба хизмати давлатӣ дахл доранд, ба инобат гирифта мешаванд.
«Мо кӯшиш мекунем, ки шумораи омӯзишҳоро бештар намуда, дар даврҳои омӯзишӣ таҷрибаи дигар давлатҳоро омӯзем. Иштироки хизматчиёни давлатӣ дар ин даврҳо бояд зиёд бошад, зеро омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳо дар дилхоҳ самт ба манфиат ва пешрафти кори мо аст»,-изҳор намуд директори агентӣ.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






