НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон мутахассисони баландихтисосу забондон омода менамояд
ДУШАНБЕ, 28.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисони забондон ва дорои касбияти баланд рӯз то рӯз бештар мегардад. Аз ин рӯ дастур дода шудааст, ки мутахассисони баландихтисос бояд аз зинаи таҳсили томактабӣ омода карда шаванд. Бо ин мақсад дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ихтисосҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти томактабӣ бо иловаи забони англисӣ ва логопедияи таҳсилоти томактабӣ амал мекунанд.
Чунин посух дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар робита ба омода намудани мутахассисони забондон.
Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ оғоз карда шавад.
Зеро ба таъкиди Сарвари давлат, дар шароити рушди босуботи ҳамкории байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд.
Бинобар ин Президенти Тоҷикистон зарур шумориданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсили томактабӣ шуруъ карда шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон теъдоди гурӯҳҳои академии таҳсилашон пурра бо забони русӣ (ба истиснои факултети забон ва адабиёти рус) ба 31 гурӯҳ дар шуъбаи рӯзона ва 4 гурӯҳ дар шуъбаи ғоибона расонида шуд. Яъне, соли 2024 теъдоди гурӯҳҳои академии таҳсилашон бо забони русӣ аз 18 гурӯҳ ба 31 гурӯҳи академӣ расонида шуд, ки 13 гурӯҳ зиёд мебошад.
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ фаъолият дорад, ки дар он мутахассисони хуби забондон омода мешаванд.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2024 16 шартномаи дутарафаи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои олии Узбекистон, Беларус, Молдова ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти барномаи табодули омӯзгорону донишҷӯён, таҳияи барномаи таълимӣ, гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ, конференсияҳо, даврҳои такмили ихтисос, мубодилаи олимон, аспирантон, донишҷӯёну магистрон (1+1), таҳияи маводи илмӣ, таҳияи лоиҳаи илмӣ, хондани маъруза аз тарафи профессорон, ҳимояи рисолаҳои намзадӣ ва докторӣ, ба забономӯзӣ равон кардани донишҷӯён ва омӯзгорон ба имзо расид.
Соли 2024 дар доираи ҳамкорӣ 59 нафар, аз ҷумла дар самти табодули таҷрибаи устодон барои гузаштан аз такмили ихтисос – 13 нафар, иштирок дар чорабиниҳои илмӣ – 22 нафар ва дар самти табодули академии донишҷӯён – 24 нафар ба хориҷи мамлакат равона гардиданд.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд






