НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Саридораи геология соли 2024 аз рӯйи 29 лоиҳа корҳои омӯзишӣ гузаронид

Январь 28, 2025 09:33

ДУШАНБЕ, 28.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» амалӣ намуд. Корҳои омӯзиши геологӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯйи 29 лоиҳа дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология гузаронида шуданд. Ин матлабро имрӯз зимни нишастиматбуотӣ сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Илҳомҷон Оймуҳаммадҷонзода иброз намуд.

Гуфта шуд, ки корҳои шартномавӣ аз рӯйи 182 лоиҳа ба маблағи 16 миллиону 880 ҳазору 715,0 сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 390 ҳазору 083,0 сомонӣ ба анҷом расонида шуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани корҳои чустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти сурбу руҳи Санги Сабз (дар ноҳияи Балҷувон) ба манбаъҳои дурнамои маъдани сурбу руҳ зиёда аз 1 миллион тонна ва манбаи дурнамои нуқра зиёда аз 3 тонна баҳо дода шуд. Инчунин дар натиҷаи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯи умумии сангҳои қиматбаҳо ва зинатдиҳанда дар қаторкӯҳҳои Шоҳдара ва Ишкошим зуҳуроти турмалини Бағуш ва корунди Бағуш кашф карда шуданд. Баъд аз омӯзиш ва ташхиси маҳакҳо муайян гардид, ки сифати ашё ба стандартҳои соҳавӣ ҷавобгӯ буда, ҳамчун маводи хуби ҷавҳарӣ ва коллексинонӣ баҳогузорӣ гардид.

Илҳомҷон Оймуҳаммадҷонзода иброз дошт, ки «соли 2024 дар майдони маъдании Саримад омӯзиш гузаронида, дар натиҷа захираи умумии тилло ва нуқра бо категорияи С1 ва С2 ҳисоб карда шуд. Дар ин самт корҳо идома дошта, мо кӯшиш дорем, ки дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» майдонҳои маъданиро зиёд намоем».

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 28, 2025 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд