ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо бозӣ ба муқобили тими Уммон оғоз мекунад

Январь 25, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 25.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё ҷадвали бозиҳои Ҷоми КФО (U-17)-2025-ро, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, тасдиқ ва нашр намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар қуръакашии мусобиқот дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «D» қарор гирифт. Рақибони тими мо дастаҳои Эрон, Уммон ва Кореяи Шимолӣ мебошанд.

Дастаи мо нахустин бозиро дар Ҷоми Осиё-2025 5 апрел бо тими наврасони Уммон анҷом медиҳад. Дар даври дуюм шогирдони Марко Раҷини 8 апрел бо ҳамсолони худ аз Кореяи Шимолӣ бозӣ хоҳанд кард. Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ 11 апрел тими наврасони Тоҷикистон бо дастаи Эрон вомехӯрад.

Бар асоси натиҷаи марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду тими беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ меёбанд. Ҳама иштирокчиёни даври чаҳорякниҳоӣ роҳхати Чемпионати ҷаҳон-2025 байни наврасонро, ки аз 5 то 27 ноябр дар Қатар баргузор мешавад, соҳиб мегарданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 25, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд