Сокинони деҳаи Шингаки шаҳри Панҷакент дар кӯҳдоман боғ бунёд намуданд
ДУШАНБЕ, 19.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Шингаки Ҷамоати деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакент, деҳқонони варзида Аҳрор Етмишев, Абдуғаффор Олимов ва Раҳим Пиримқулов дар заминҳои собиқ лалмии кӯҳдомани паҳлуи деҳа боғ бунёд намудаанд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, боғ дар дуюним гектар замин бунёд шуда, бо лӯлаҳо аз масофаи се километр об оварда шуд. Дар боғ беш аз бист навъи ниҳолҳои мева ва сояафкан парвариш карда мешавад.
Ҳоло боғбонҳои собиқадор барои захира намудани об ба бунёди ҳавз машғул ҳастанд. Бо он дар мавсими камобӣ боғро обёрӣ менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Кормандони Хадамоти гумрук дар ноҳияи Варзоб беш аз 17 ҳазор бех ниҳол шинониданд






