Тоҷикистон ва Эрон дар самти муқовимат ба коррупсия ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 17.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 16 январ аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бо иштирок ва дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади нави ҳамкорӣ табодул карда шуд.
Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти генералии нозиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад.
Санади ҳамкорӣ аз ҷониби Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Аббос Аракчӣ табодул карда шуд.
Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ёддошти мазкур бо назардошти эътироф намудани асосҳои соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти миллӣ, баробарӣ ва манфиатҳои ҳарду давлати дӯсту бародар ба имзо расида, иқдоми саривақтӣ ва мақсаднок ба ҳисоб меравад.
Изҳори итминон карда шуд, ки густариши ҳамкории мутақобили судманд ва тақвият бахшидани фаъолият байни мақомоти марбута дар самти муқовимат ба коррупсия дар оянда ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду давлат ва паст кардани шиддати ин зуҳурот шароити мусоидат фароҳам меоварад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






