ҲУШДОР! Ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва тавсияҳои дахлдорро бояд риоя намоянд!

Январь 8, 2025 15:10

ДУШАНБЕ, 08.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон  ба ронандагони воситаҳои нақлиёт ҳушдор медиҳад, ки қоидаҳои  ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя  намоянд, то ҳаёти худ  ва дигаронро зери хатар нагузоранд. Дар мавсими сармо дар роҳҳои кӯҳӣ, хусусан дар ағбаҳо бояд хеле эҳтиёткор буд ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва тавсияҳои дахлдорро оид ба рафтори иштирокчиёни ҳаракат дар шароити фасли зимистон қатъиян риоя намуд.

Тавре  ба АМИТ «Ховар» аз  Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ доданд, 4 январ дар роҳи мошингарди «Душанбе –Кӯлоб», дар мавзеи Ёқсуи деҳоти Себистони ноҳияи Данғара бо айби ронандагоне, ки сари вақт чархҳои тобистонаро ба чархҳои зимистона иваз накардаанд, танбашавии воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд омада, боиси ҳолати садамавӣ гардид. Дар байни мошинҳои дармонда автобус низ буд.

 Ҳангоми бориши барф, ҳатто ҳангоми ҳаракат дар қитъаҳои мунтазам тозашавандаи роҳҳо низ метавон ба барфтӯда дучор омад. Вале дар аксар ҳолатҳо  танбашавии воситаҳои нақлиёт ва садамаҳои роҳ, аз ҷумла дар фасли зимистон маҳз  бо айби соҳибони воситаҳои нақлиёт — суръати баланди ҳаракат, риоя накардани фосилаи байни мошинҳо, тормози сахт, гузаштан аз мошинҳои дигар дар ҷойҳои манъшуда ва истифодаи чархҳои тобистона ба вуҷуд меоянд.

Агар ронандагон барои иваз кардани чархҳои тобистона ба чархҳои зимистона то ҳол вақт наёфта бошанд, то замони ин корро кардан аз рондани мошин дар роҳҳои кӯҳӣ бояд худдорӣ намоянд. Чархҳои тобистона бояд то фарорасии ҳарорати паст истифода шаванд, яъне агар сардии ҳаво -1 дараҷа шуда бошад, пас фавран чархҳо бояд иваз карда шаванд, ҳатто агар барф ҳам набошад.

Риояи фарҳанги ронандагӣ- ин маҷмуи қоидаҳои рафтори ронанда ҳангоми ҳаракат дар роҳ мебошад. Он риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, эҳтиром ба дигар иштирокчиёни ҳаракат, кумак ба мошинҳои дигар ва ғайраро дар бар мегирад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 8, 2025 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад