Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бо Ташкилоти байналмилалии рушди ИНТОСАЙ тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 21.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Палатаи ҳисоб Ҷамшед Каримзода бо коршиноси Ташкилоти байналмилалии рушди ИНТОСАЙ (INTOSAI) Назгул Албанова баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба бахши иттилоот ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи Палатаи ҳисоб хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз ҷараёни ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаи густариши ҳамкории аз ин бештарро дар доираи лоиҳаи «Дастгирии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023- 2025» таъкид намуданд.
Бояд гуфт, ки Ташкилоти байналмилалии ИНТОСАЙ худмухтор, мустақил, ғайрисиёсӣ ва ғайридавлатӣ буда, ҳамчун ташкилоти доимамалкунанда барои мубодилаи донишу малака ва таҷриба дар соҳаи аудити берунӣ байни мақомоти олии назорати молиявӣ дар саросари ҷаҳон фаъолият менамояд.
Мақсади асосии ИНТОСАЙ таъмин намудани аудиторон- аъзои ин ташкилот бо мубодилаи иттилооти мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, маълумот оид ба рушди муосир дар фаъолияти аудиторӣ, истифодаи стандартҳои касбӣ ва методология ба ҳисоб меравад.
АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад






