Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти кишоварзӣ тақвият меёбад

Февраль 26, 2025 10:40

ДУШАНБЕ, 26.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни вилояти Суғд ва минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Узбекистон 350 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил намуд. Дар ин хусус зимни вохӯрии намояндагони Тоҷикистон бо Узбекистон маълумот дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба соҳаи кишоварзӣ, махсусан кишту истеҳсоли пахта ва истифодаи таҷрибаи ҳамдигар мубодилаи афкор намуданд.

Дар мулоқот инчунин масъалаҳои истифодаи тухмиҳои серҳосил, техникаю технологияҳои нав дар кишту парвариш ва ҷамъоварии ҳосил баррасӣ шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 26, 2025 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад