Ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор шуд шуд

Февраль 21, 2025 15:41

ДУШАНБЕ, 21.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Артиши миллӣ — сипари боэътимоди Ватан» ҳамоиши фарҳангӣ доир намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ.

Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Осорхонаи миллӣ иқдом гирифтааст, ки аз 17 то 23 феврал 2200 нафар афсарону сарбозонро ба таври ройгон ба тамошои экспозитсия ва чорабиниҳои ҷашнии Осорхонаи миллӣ ҷалб намояд. Ин иқдом ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии афсарону сарбозон ва шиносоӣ бо таъриху фарҳанги бойи ниёгонамон мусоидат менамояд.

Дар ҳамоиши фарҳангӣ роҳбарият ва намояндагони Осорхонаи миллӣ, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нақши Артиши миллӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини амнияту осоиштагӣ дар ҷумҳурӣ сухан гуфтанд.

Гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мушкил таъсис ёфта, аз марҳилаҳои ниҳоят вазнин гузашт. Имрӯз он ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амният дар мамлакат мубаддал гаштааст.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Февраль 21, 2025 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд